Ваҳдати миллӣ – зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагӣ

pensaki

АНДЕША. Дар ҳақиқат дуруст аст, ки ваҳдатро – ҷашни якдиливу бародарӣ мегуянд. Чуноне, ки мо аз таърих медонем, маҳз бо талошҳои Сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба даст омад.  Баъди имзо шудани Созишномаи умумӣ, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва, сулҳ ва ваҳтдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохтори ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани гурезаҳо чораҳо андешида шуданд. Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тулонӣ ба даст омад. «Ваҳдати миллӣ,- қайд менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешаи сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гуруҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил ва якпорча созад». Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро нигоҳ дорем, дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоем. Мебояд, ҷавонони мо ба шукронаи ин неъмат нисбати падидаҳои номатлуби терроризму экстремизм оштинопазир бошанд. Ватани хешро дӯст доранд, пайи ҳифзаш ҳамеша содиқ бимонанд. Инак, муддати 21 сол мешавад, ки Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Имруз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Ваҳдат зеботарин ва бузургтарин баҳори зиндагии мо аст. Таманно мекунам, ки ин ваҳдати миллии мо то абад зиндаву ҷовидон бошад!

Раҳимҷон Шарипов,  аъзои фаъоли

 ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» н. Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>