ҲНИ чаро худро бегунох мехисобад?

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. Ҷанги шахрвандии Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик яке аз фоҷеахои мудхиштарини хотирот ба хисоб меравад. Зеро дар давоми ин солхои ҷанг мардуми кишвар ба азобу машаққат, ғаму андух рӯ ба рӯ гашт. Мардуми зиёд куштаву кӯдакон бесаробон ва наздик ба як миллион гуреза шуданд. Иқтисоди кишвар коставу талаю тороҷкарда шуд. Корхонаву муассисахо давлатӣ, манзилхои истиқоматӣ ба вайронахо ва коми оташ рафтанд. Гуруххои мухолиф бо рохнамоии хоҷагони хориҷиашон мехостанд Тоҷикистонро ба қисмхо ҷудо созанд. Хушбахтона ба тақдири мардуми шарафманди миллати тоҷик шахсе ба майдони сиёсат ворид гардид, ки миллатро аз парокандагиву порашавӣ, аз куштору нобудшавӣ нигох дошт. Аммо имрӯз Кабирӣ ва хаммаслаконаш худро бегунох нишон дода, худро хамчун поягузори сулх ва вахдати тоҷикон мехисобанд. Аз саргузашти талхи ҷанги тахмилии шахванди воқиф хастем, ки ҲНИ якҷоя бо хоҷагони хориҷиашон нақшаи ҷанги шахрвандиро тархрези намуда рӯйи майдон омаданд. Ба шарофати хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Рахмон ва хиради азалии мардуми тоҷик бологирифт мардуми сулхпарвари тоҷик буд, ки ҷанги шахрвандӣ ба сулх табдил ёфт. Бо рохи гуфтушунидхои зиёд бо мухолифин Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.            Имрӯз низ душманони миллат бо фитнаву дасисабозихо мехоханд, бори дигар ба Тоҷикистон бо барангехтани кинаву хусуматхои махзабӣ ҷангро оғоз намоянд. Лекин имрӯз мардуми тоҷик барои бегазанд нигох доштани сулхи бадастомада ҷони худро дареғ намедоранд. Ҳамзамон бар зидди душманони миллати тоҷик қотеона мубориза мебаранд. Насли ҷавону ояндасози миллати тоҷик тахти робарии хирадмандона ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон Тоҷикистонро ба як  миллати сарҷамъу муттахид ва мутараққӣ табдил медихем. Гузаштаи рӯзхои талхи таърих ва амалхои нангини ҲНИ бо маблағгузории хоҷагонашон барои мо насли ҷавон як дарси хаётан мухими таърихист. Агар ба гузашта назар афканем ҲНИ амалхое содир намуд, ки боиси нанги миллати тоҷик мебошад. Баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бори дигар соли 2015 барои ноором сохтани вазъи Тоҷикистон ва тағйири сохти конститутсионӣ ҲНИ бо маблағгузории хоҷагонаш ҷагро оғоз намуданд. Аммо онхо дарк накарданд, ки Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистони солхои 90-ум нест. Фарзандони фарзонаи миллат барои эмин нигох доштани ин дастоварди бузург Истиқлолтят ва Вахдат зидди душманони бадхохи ин неъмати бебахо муборизаи беамон мебаранд. Шукронаи сохибдавлативу сохибватанӣ ва сарҷамъии мардуми шарафманди миллати тоҷик мекунем, ки имрӯзхо сар то сари кишварро суруру шодии Вахдати миллӣ танинандоз аст.

            Лоиқ Тӯйчиев

нохияи Деваштич      

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>