Пешгирии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ

андеша

АНДЕША. Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ қайд мекунанд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд» бинобарон мо ҷавонон кушиш кунем, ки сазовори номбардор ва парчамбардори ояндаи миллат бошем. Пешвои миллат бо ҷавонони ояндаи миллат ифтихор мекунанд мо низ ҷавонони даврони Истиқлол бояд ба боварии Пешвои муаззами миллат даромада баҳри ободию осудагӣ, тинҷию амонӣ, сарсабзию сарбаландии Тоҷикистони азизамон кӯшиш карда барои Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Тоҷикистони мо биҳиштосой аст дигарон ба Тоҷикистони мо ҳасад мебаранд чун мардуми Тоҷикистон дар кишвари азизамон озод ҳастанд ва озодона кору фаъолият мекунанд. Ин ҳама бо кӯшишу талош ва заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат ҳаст, ки барои мардуми тоҷик ҳама шароитҳоро фароҳам овардааст то, ки мардум озодона сайру гашт ва зиндагии осоишта ба сар баранд. Касе, ки ношукрӣ аз ин Тоҷикистону аз ғамхориҳои Пешвои миллат кунад чашмонаш куру, гӯшҳояш кару, дастони нотавону, пойҳои кутоҳ ва дар охир хору зор хоҳад шуд. Мо ҷавонон бояд ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, барои пешрафти ҷомеа, ҷавононро ба роҳи рост таълиму тарбия карда онҳоро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуда дар чорабиниҳои сиёсию, фарҳангӣ ҳамроҳ намуда, онҳоро бароҳи ватандӯстӣ ҳидоят намоем. Зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, ҳамеша ҳушёру зирак ва хотираи қавӣ дошта бошем. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамеша ҷангу ҷангҷол идома дорад ин ҳама бесаводии мардумро нишон медиҳад онҳо роҳгумзадагонанд аз миллату давлат ва аз Худованд дур ҳастанд гумроҳанд ба мушкилиҳо ҳамеша ру ба рӯ мешаванд Худованд онҳоро куру кар ва дар дили онҳо муҳр задаст, ки ба ҷуз бади ҷизи дигареро намебинанд ва мехоҳанд ки сафашон зиёд шаванд барои сафи онҳо зиёд нашуданашон мо бояд монеаи онҳо шавем насли ояндаро тарбия намоем, ки ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои даст назананд барои молу мулк  ё вазифа шуда аз баҳри миллату давлат ва хоки Тоҷикистон набароянд. Гарчанде ки мо гушнаю ташна урёну бечораҳам бошем аммо имони комил, ақли солим, Ватани ободу осуда, модари меҳрубон, Пешвои ғамхор ва Тоҷикистони озод дорем, ки озодона зиндагонӣ ба сар бурда истодаем ин бех аст зи доштани хонаҳои се ошёна, либосҳои бегона, хӯрокҳои шоҳона, давлати бегона, ватани вайрона мардуми бегона.  Мо ҳамеша шукргузорӣ аз Ватану миллат ва Пешвои миллат бошем. Боиси ифтихору сарфарозист ки мо Тоҷикистони ободу зебо ва Пешвои миллати ғамхору меҳрубон дорем. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо ҷавононро барои ҳимояи Ватан, Модар, Парчам, сулҳу субод, тинҷию амонӣ омода карда метавонем. Мо намегузорем, ки ин кишвари зебои моро ба нооромӣ мубаддал гардонда ҷавонони моро бо роҳи фиребу найранг ба гуруҳҳои террористию эктремистӣ дохил намоянд. Ҷавонони миллати тоҷик ҳамеша омода ҳастанд, ки барои ҳимояи марзу буми кишварамон ҷон ба ҷон, хун ба хун, даст ба даст, зурӣ ба зӣрӣ ва зорӣ ба зорӣ ватанамонро аз нохалафон ҳифз кунем. Ҷавонони ояндаи миллат ҷонфидои миллату ҷонгирандагони хоинони миллат хоҳанд шуд.

Фахр мекунам, ки тоҷикам дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам

Ифтихор дорам, ки сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст

Сарвари воломақом дорам.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>