ҲНИ ҲЕҶ ВАҚТ СУЛҲУ ОРОМИРО НАМЕХОСТУ НАМЕХОҲАД!

андеша

АНДЕША. Чанд рӯз пеш мардуми шарифи Тоҷикистон 21-солагии Ваҳдати миллиро бо як ҷаҳон шодиву нишот ва ифтихор истиқболу таҷлил намуданд. Шаҳомати ин ҷашни бувзурги миллӣ дар чашму рӯи сокинони ҳамаи манотиқи мамлакат дида мешуд. Охир, чи гунна хурсандӣ накунанд, к ибо талошу ибтикор, саъйю кӯшиш ва ҷонфидоиҳои марде шарифу муборакқадам -  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон накбати ҷанг ба накҳати сулҳ ва хатари заволи кишвар ба рушди устувори давлат табдил ёфт. Насли болиғи солҳои навадуми асри гузашта ҳамаи он бесарусомониҳоро хуб дар ёд доранд. Ҳамчунин, таърих фаромӯш накардааст, ки терористони хунхори наҳзат сари миллату давлат чи балоҳоро оварданду билохира Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Мо хуб дар ёд дорем, ки дар ҳама кӯчаву тангкӯчаҳои пойтахт хунхоракони наҳзатӣ бо камонҳои хоҷагони хориҷии худ тоҷиконро шикор мекарданд. Ин факти таърих аст, ки таҳриф намешавад. Нуктаи дигаре, ки воқеияти таърихӣ дорад ва дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом аз забони мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ин аст, ки ҲНИ ҳеҷ гоҳ сулҳу оромии мардуми моро намехост. Пешвои миллат дуруст таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Бале, мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки аз оғози музокирот барои сулҳу оромии мамлакат наҳзатиёни террористу бадхоҳ ҳеҷ гоҳ имзои ин санади муҳимро намехостанд, ҳарчанд, ки ба ИНОТ шомил буданду онҷо намоянда доштанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо эътироф нашудани ин санади муқаддас аз ҷониби лидерони ин ҳизби террор мебошад. Бо вуҷуди ин ҳама Пешвои миллат тамоми ҷиноёти аъзои ин ҳизби кӯтоҳандешонро бахшид, эшонро авф кард, вале… Таҳлили воқеаву ҳодисаҳои баъдӣ нишон медиҳад, ки наҳзатиёни палиду касиф ба қадри ин ҷавонмардии бузурги Пешвои миллат нарасиданд, аз гуноҳу ҷиноёти худ тавба накардан, зеро онҳо ба мисли гургу шағолҳои хунхор ташнаи хуну хоҳони куштори мардум буданду ҳастанд. Мабла-гузории шуриши шармандавор ва пурхиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ва дигар ҷиноёти бузурги наҳзатиҳо далели сангини ин гуфтаҳост. Бо ин ҳама рӯсиёҳию мардумфиребӣ ва қатлу куштори сокинон даъвии як тарафи сулҳу ваҳдати миллӣ будани наҳзатиҳо аломати девонагӣ ва нармтар карда гӯем, фоҳишагии онҳост. Кулли лидерони наҳзат танфурӯшу ватанфурӯш буданду ҳастанд ва мемонанд, зеро муқтазои табиаташон чуни наст. Ватанфурӯш ҳаргиз сулҳу оромӣ ва рушду пешрафти мамлакатро намехоҳад! Марг ба ватанфурӯшони хоини наҳзатӣ!

Муҳаммад АЛИЕВ,

сокини ноҳияи Мастчоҳ 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>