Ниёз ба ҳизби ифротгаро надорем.

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Воқеаҳои солҳои охир аз рӯи фаъолияти носипосона ва ғаразмандонаи ҲНИ (Ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон) пардабардори намуд. Имрӯз миллати точик хуб дарк намуд, ки як гурӯҳи ифротгаро бо истифода аз калимаи мубораки Ислом ва таъсиси ҳизби сиёсӣ бо ин ном рӯ ба харобкорӣ, дилшикастагӣ, оварда буд, ниёз надоранд.    Ҳоло ҳама пиру барнои Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки дар ватани азизамон барои адо намудани ҳама рукнҳои мубораки дини мубини ислом тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуд буда, ниёз ба ҲНИ надоранд.  Рӯ овардан, ҷалб намудан ба ин ҳизби сиёсии воқеан ифротгаро ва ба гумроҳӣ бурдани ҷавонон, даъвати шаҳрвандон ба ҷангҳои ДИИШ ва бо чашми сар дидани ваҳшониятҳо дар онҷо ҷомеи имрӯзаро ба хулоса овард, ки мақсади онҳо нопок буда набояд ба онҳо дигар пайравӣ намуд.   Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби тавоною пешбарандаи ҷомеа қувваҳои фаъол ва созандаро сарҷамъ намуда боиси боло рафтани нуфузи сиёсии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кор дар байни аҳолӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони 27 соли истиқлолият ва таъмини зиндагонии шоиста ба мардум рисолати касбии ҲХДТ мебошад.  Мо шаҳрвандон аз нуктаҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон дар шаҳри Конибодом, тарафдори он ҳастем, ки ба хотири ояндаи нек фаъолиятҳои ифротгароиро пешгирӣ намуда сафедро аз сиёҳ фарқ намоем.  Тоҷикистон барҳақ биҳишти рӯи замин аст. Ниёз ба ҳизби исломӣ надорад. Бинобар он рисолати мо шаҳрвандон аз он иборат аст, ки бо равияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бо фаъолияти ташаббускорона дар ободонии ватан, таҳкими сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ ва расидан ба фардои нек саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>