Аз наҳзатиён барҳазар бошем…

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Таърих гувоҳ аст, ки абармардони бонангу номус, боғурур, боорият ва ватандӯстро мардум тӯли асрҳо ҳамешагӣ бо виқор ба некӣ вирди забон меоваранд. Яке аз чунин инсониятҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки исботи гуфтаҳои болоист. Вақте суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллатро бахшида ба солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом мешунидам, вуҷудамро ҳиссиёти баланди инсонӣ фаро мегирифту чашмонамро ашк ҳалқавор мепечонид. Зеро аз хотир фаромӯш кардани оқибатҳои ин ҷанги бародаркуш, ки боиси ҳалокати 150 ҳазор шаҳрвандони мо гардида, зиёда аз 1 миллион нафар ҳамватанони мо гуреза шуданд ва харобиҳои нанговари он магар осон аст? Ҳаргиз на. Ва ба касе пӯшида нест, ки саҳми беназири Ҷаноби Олӣ дар баста гардидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ниҳоят бузург аст, ки ба дурандешии Пешвои миллатамон сари таъзим фуруд меорам. Чунки миллати тоҷик он рӯзҳо дар марҳилаи парокандагӣ ва азбайнравӣ қарор дошт. Зимни суханронӣ муҳтарам Президенти кишвар махсус зикр намуданд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд.» Дар партави ин гуфтаҳо ғарқи андеша мешавам. Ватандори асил, бузургмарди асил Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, зеро ғами миллат, ғами насли ояндаи он ҳамеша дар таваҷҷуҳашон қарор дошт ва қарор дорад. Ва ба касе пӯшида нест, ки мо дар тӯли 21 соли баъди баста гардидани ин Созишнома бо сарварии Пешвоямон ба кадом сатҳи зиндагӣ расидем. Ва дақиқан бархӯрдор ҳам гардидем, ки ба миллати мо кадоме сулҳро ривоҷ медиҳаду кадоме сулҳи тоҷиконро диданӣ надорад. Фариштаи зиндагӣ, модари тоҷик Эмомалӣ Раҳмону Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва садҳо ҷонбохтагони ватанро ба дунё овардааст, на Кабириву ҳаммаслакони ӯро, ки доимо аз паи хиёнат ба Ватан ҳастанд.   Тоҷикон аз азал аз паси парда гапзаниву хиёнатро намеписандиданд ва дар хуни асили тоҷикона ин нишонаҳо ҳаргиз набуданд. Вале боиси таассуф мебошад, ки рагҳои хунгазари ин наҳзатиён аз миллати мо нест ва бояд набошад.Аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меоварам, ки аз ин беномусон дар ҳазар бошем. Сафедро аз сиёҳ фарқ кунем, ба дуруғҳои беасоси онҳо фирефта нашавем, зеро рӯбоҳ дар ҳама ҷо рӯбоҳ аст.

                                                           Ҳоҷӣ Саид

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>