Вохӯрӣ бо омузгорони фаъол

IMG_20180621_113351

АШТ. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Ҳоҷиматова Ш бо омӯзгорони фаъоли шуъбаи маориф вохӯри баргузор намуд.  Вохӯрии мазкурро мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Бобоева Ш ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ  дастоварди бузгест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургиашро афзун гардонидаанд.     Сониян мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Ҳоҷиматова Ш ба сухан баромада, дар баромади худ қайд намуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбашест, ки эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ меҳру муҳаббатро ба миллат бедор намуда, масъулиятро барои ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон, бештар мегардонад. Ин Ваҳдат барои  ҳар фарди бедордили миллат ҳамеша Паёми сулҳи ошти ҳамдигарбахши ва таҳаммули дӯстӣ хоҳад буд. Омӯзгор ин шахсеси таблиғгарест, ки дар ҳама давру замон метавонад ҷавонони ояндаи миллатро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбият намуда барои пойдории Сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми арзанда дошта бошад. Дар ин мулоқот зиеда 30 нафар бонувони фаъоли ҳизбӣ иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>