Вохӯриҳо дар маҳаллаҳои шаҳр

БӮСТОН. Бо мақсади  бурдани корҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳӣ  бо аҳолии шаҳр дар самти расонидани ҳадафҳои асосии  ҲХДТ дар ҷодаи таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ  ва ҳамчунин,   риояи пӯшидани либосҳои миллӣ, пешгирии  бегонапарастӣ дар байни занон ва ҷавонон,  талаботҳои  Қонуни ҶТ «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи  масъулияти  падару модар дар тарбияи фарзандон» вохӯриҳои судманд доир мегарданд. Дар вохӯрии навбатӣ, ки дар маҳаллаи «Ғалаба»-и шаҳр баргузор гардид, аъзоёни фаъоли  Шӯрои занон ва Шӯрои собиқадорони назди  кумиҷроияи шаҳрии  ҲХДТ  иштирок намуда, оиди саъю талоши  ҲХДТ дар ҷодаи  таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ ташаккули  фарҳанги  ваҳдатгароии  шаҳрвандон, густариши  ғояи  миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани  маҳбуби  ҳамаи мо» ибрози ақида  намуданд. Аъзои фаъоли Шӯрои занони назди кумиҷроия Пӯлотова Ҳ.Ҳ. дар баромади хеш қайд намуд, ки ҲХДТ  тамоми  нерӯ ва  имконияти худро  ба ҳифзи  фазои солими сиёсӣ,  гуногунандешӣ, муколама ва  ҳамдигарфаҳмӣ дар  байни  ҳизбҳо,  гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни  ҷомеа равона  месозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>