Мафкураи миллӣ

ИСФАРА. Муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро бо натиҷаҳои дилхоҳ истиқбол гирифтанд. Бахусус баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар, сӯҳбату мулоқотҳо оид ба ғояи ваҳдати маллӣ, соҳибситиқлолӣ, худшиносӣ ва бунёди давлати миллӣ басо хатирмону ҷаззоб буда, ба тарбияи насли наврас нақши бебозгашт гузоштанд.   Дар ҳамин бобат ва баъзе масоили дигар ба хусус шинохти Тоҷикистон дар арсаи олам мулоқоти кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо директорони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи “ Ваҳдат сарчашмаи пирӯзиҳо” бахшида шуд.  Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов изҳор кард, ки роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дилсӯз аз паи муҳаққи шинохта ва қаҳромони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо баробари шинохти давлат ба эъмори решаҳои таърихии миллат камар баста, ҳақу ҳуқуқ, истиқлолияти миллӣ ва соҳибистиқлолии давлатро аз нигоҳи таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар назди ҷаҳониён муаррифӣ ва дифо карданд.  Алҳол бо гузашти 27 сол мо хуб эҳсос мекунем, ки Пешвои миллат аз ӯҳдаи ин вазифаи таърихӣ басо мушкил ба хубӣ баромаданд. Тавасути се ҳазорсолагии тамаддуни Ориёӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кӯлоб, 1100 солагии давлати Сомониён мо ба эҳсоси решаҳои таърихии миллат ноил гаштем. Мафкураи миллӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ тавонист пеши роҳи нобасомониҳо, ба хусус ҳокимиятхоҳии ниҳодҳои сиёсии диниро гирифт. Идеологияи ягонаи миллӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ, ғояи ваҳдати миллӣ, барномаҳои стратегии милӣ ва рушди минтақаҳо, шаҳру навоҳӣ рӯйи кор омада ба сулҳу ваҳдат заминагузорӣ карданд. Ҳифзи давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, муттаҳид намудани мардум дар атрофи ғояи ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти минбаъдаи сарварони муассисаҳои таълимӣ муайян гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>