Мулоқот бо собиқадори ҳизб

ашт мулокот

АШТ. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидорбини ва аёдати шахсони мӯътабар, собиқадорони ҳизб ва меҳнатро ба роҳ монд. Бо чунин мақсад дирӯз бо яке аз  бонувони барӯманди ноҳияи Ашт, собиқадори ҳизб Ғуломиддинова Тӯҳфаниссо мулоқот ороста шуд. Зимни сӯҳбат мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳоҷиматова Ш аз фаъолияти серҷабҳаи  ин бонуи барӯманд  ёдовар гардида, баён намуд, ки мавсуф дар пешрафти ноҳия ва корҳои ҳизбӣ саҳми шоён доранд. Аз чумла дар баргузории якчанд чорабиниҳои сиёсӣ, интихоботу раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзидаанд. Зимни сӯҳбат Ғуломиддинова Т. иброз намуданд, ки фаъолияти меҳнатии худро баъди хатми донишгоҳ дар МТМУ №17-и шаҳраки Шайдон ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидои оғоз намуда  то сини нафақа дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудаанд. Дар озмунҳои гуногуни соҳаи маориф иштирокнамуда соли 1990 сазовори унвони «Аълочии маориф» гаштаанд. Боиси зикраст, ки шогирдони муаллима соҳиби вазифаҳои гуногуни буда дар пешравии ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>