Вусъати корҳои тарғиботӣ

АШТ. Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ дар байни мардум махсусан пешгирии никоҳи хешу таборӣ ва дигар мавзӯҳои мубаррами рӯз дар байни занону духтарон корҳои тарғиботӣ мақсаднок ба роҳ монда  шуда истодааст. Рӯзи гузашта бо чунин мақсад мулоқоти мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ бо сокинони маҳаллаи С.Иминҷонови шаҳраки Шайдон дар толори МТМУ №65 баргузор гардид. Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон Ҳоҷиматова Ш оиди масъалаҳои дар боло зикр шуда суханрони намуда иброз намуд, ки аз 1-уми июли соли 2016  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ карда шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд, хатмиӣ гардид. Мусаллам аст, ки оила дар ҳифзи саломатиӣ, тарбияи фарзандон, таъмини раванди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозида истодааст. Агар оила мустаҳкаму пойдор бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор кӯдакони маъюб  ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо аз никоҳи хешу таборӣ ба дунё омадаанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати мақоми оила чунин фармудаанд: «Оила асоси давлат ва ояндаи миллат буда, ҷомеаи солим дар сари оилаи солим қарор дорад». Зимни сӯҳбат занони маҳал низ ба сухан баромада фикру ақидаҳои хешро дар бораи мавзӯъҳои дар боло зикр шуда баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>