Забон ва андеша-силоҳи ҷанги ҷаҳонист

pero

АНДЕША. Зиндагӣ ба маҷрои худ равон аст, бо худ беҳтарин дақиқаҳоро мебарад. Ин лаҳзаҳо бебеҳост, арзишашро бо ягон бойгарии дунё баробар карда намешавад. Афкору андешаи солим метавонад хазинаи ин дақиқаҳоро пурғановат гардонда, созандагӣ ва бунёдкории ватани азизро роҳандозӣ кунад. Мутаасифона ин дақиқаҳои ҳаётро гурӯҳҳои ифротгар низ, баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои хатарангези худ истифода мебаранд ва ба психологияи халқу миллатҳои гуногун ворид гашта сарфи гумроҳонро  аз табақаи гуногуни ҷомеа, зиёд мегардонанд. Ба ин хотир дар назардошти хатарҳои глобалӣ, ҳар як равшанфикр бояд ором набошад, то вақти қиммати умрро баҳри ибрози андешаҳо ва мубориза бар зидди амалҳои нангин ва иғвогарона намояд. Имрӯз фарҳангу хушдилии мо аз ваҳдат ва ягонагист, аз истиқлолият, аз соҳибзабонӣ, аз сарвару Пешвои миллат аст, ки худованд арзонӣ додааст, то миллати қадимбунёду тозаиқболи мо, ба дили бекинаву рӯзгори хушу гуворои хеш ягон андешаҳои ғаразнок ва бегонаро роҳ надиҳад. Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки сатҳи зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ дорад, мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ,ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем. Нагузорем, ки бадхоҳону бадтинатон пайи фитнаву халалдорсозии ҷомеаи соҳибистиқлоли мо бо максади сиёҳкорӣ даст ба амалҳои ноҷавонмардонаи худ зананд. Бикӯшем то Тоҷикистони ободу зеборо ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем. Ободӣ, осудагӣ, сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистони азиз, орзую омоли ҳар як шаҳрванди худшинос ва худогоҳ мебошад. Тоҷикистони азизи мо, ки мардумаш  имрӯзҳо дар зери шуои безаволи сулҳу дӯстӣ умр ба сар мебарад, бигузор як умр чунин зиндагонӣ насибашон бод.

Муҳаммадиева Бишаҳрия

Омӯзгори кафедраи педагогика- психологияи

Колеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>