Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ

андеша

АНДЕША. Гурӯҳи ифротгароии дини муосир ташкилоти динӣ набуда, балки як навъи ҳаракати ҳарбию сиёсӣ мебошад. Яке аз хусусияти ифродгаронии дини муосир дар он аст, ки аксари кулли пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз асли таълимоти исломӣ, аз ҷанбаъҳои маънавию рӯҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он умуман баҳраманд нестанд. Ин аст, ки онҳо аз арзишҳои баланде чун таҳаммул, некиву накӯкорӣ, тақвою парҳез, раҳму шафқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил мекунад, дур мебошанд, рӯҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату барбарияту ваҳшоният наздик аст. Маҳз ҳамин хусусияти ифротгароёни дини муосир, яъне аз фарҳангу маърифат холӣ будани онҳо, имконият медиҳад, ки онҳо дар чунин муборизаҳо нақши нерӯи ваҳшии даҳшатафканро иҷро намоянд. Дар Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эътироф ва эҳтироми ақидаи ҳар шаҳрванд муносибати давлат ба дин қонунан асоснок шудааст. Дар моддаи 26 уми он таъкид шудааст:”Ҳар кас ҳақ дорад, муносибати хударо ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд”.  Феълан, ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эъмори давлатӣ демократии ҳуқуқбунёди дунявиро мақсади худ қарор додааст. Дар саросари кишвари мо барои фаъолияти баробари ҳамаи дину мазҳабҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва ҳар як шаҳрванд метавонад, озодона расму оинҳои суннатӣ ва маросимҳои динии худро ба амал барорад. Ҳамчунин теъдоди зиёди масоҷид ва фаъолияти озодонаю бемамонияти ташкилу созмонҳои динӣ шаҳодати раднопазир кафолати давлатӣ ба озодии виҷдон ва ақоид аст.   Пӯшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адолати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд,,ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаи бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Меъёрҳои бунёдии муносибати давлат ба дин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар озодии виҷдон ва иттиҳодияти динӣ”,ки соли 2009 ба тасвиб расид, возеҳу равшан дарҷ гардидаанд, мутобиқи муқаррароти Конститутся ва қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии мафкуравӣ, озодии виҷдон, баробарҳуқуқии ҳамаи дину мазҳабҳо кафолат дода шудааст. Дар қаламрави вилояти Суғд мунтазам барои таълими ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ ” тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Ба шаҳрвандон барои адои расму оинҳои динӣ имконятҳои баробар фароҳам оварда шудаст. Дар соли 2008 дар қаламрави вилоят 86 масоҷиди ҷомеъ, беш аз 900 масҷиди панҷвақта фаъолият доштанд. Ҳамзамон дар охири қарни 19,  18- ташкилоти динии ғайриисломӣ- аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд-калисои Мария Магдолинаи муқаддас, ҷамъияти кореягии масеҳиёни инҷили”Эҳё”, Калисои “Муҳаббати худо”, ҷомеаи насрониёни евенгелеи бабтистҳо, Калисои Сонмин Сунбогим, Маҳфили рӯҳонии Баҳоӣ, Маркази миссионерии ”Надеҷда”, дар шаҳри Чкалов-Колисои Православии иконаи Иверии Модар-Худо, Ҷомеаи христианиҳои евенгилӣ, Ҷомеаи христианиҳои баптист, Ҷамъияти Филаделфия, Калисои Новоапостолӣ, Ҷамъияти Терезаи Муқаддас ва дар шаҳри Исфара-Калисои христиан-баптистҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар қаламрави вилояти Суғд 9- мадрасаи мутавассита (дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ашт) амал карда, дар онҳо 85 нафар омӯзгор ба 480 нафар толибилмон сабақ меомӯхтанд.

                                                                                 Гулбаҳор Худойбердиева

Омӯзгори кафедраи педагогика- психологияи

 Колеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент          

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>