Алайҳи терроризму экстремизм дастҷамъона мубориза бояд бурд.

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Терроризм аз оғози асри нав, аниқтараш аз 11 сентябри соли 2001 муборизаи фаъол ва густурдаи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода, таҳдиди навро барои тамоми ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ барои ҳар як давлати мустақил маълум дошт. Маҳз аз ҳамин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки бо ин зуҳуроти асри худ дар танҳоӣ мубориза бурдан судбахш намуда, баръакс барои пешгирӣ, бартараф ва решакан намудани ин вабои аср муборизаи қатъии дастҷамъона бояд оғоз намуд. Дар ҳақиқат ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар қатори он Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти аср омодабошии ҳаматарафа эълон дошта буд. Ҳанӯз дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.04.2002 иброз дошта буданд, ки: « Дар баробари сар шудани муборизаи пурвусъат ба муқобили терроризми байналмилалӣ Тоҷикистон мавқеи худро ошкоро эълон намуд ва барои амалиёти муваффақиятнок ба хотири аз байн бурдани парваришгоҳҳои терроризм ва экстремизм дар Афғонистон аз ҷониби худ тамоми чораҳои имконпазирро андешид». Инак, 16 сол мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва экстремизм муборизаи фаъол ва кушодаро бурда истодааст. Дар ин давра бо вуҷуди муборизаҳои қатъӣ ва истифодаи  қувва  терроризм ва экстремизм натанҳо несту нобуд карда нашуд, балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда, ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст. Сабаби чунин пешравии ин гурӯҳҳо: муборизаи нокофии дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бетарафии бархе аз давлатҳо, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, истифодаи ин қувваҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ва геополитикии бархе аз давлатҳо ба ҳисоб рафта, сабаби паҳн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ бо номи Давлати Исломӣ оварда расонид. Кишвари мо, ки дар давраи соҳибистиқлолии худ бо ин гурӯҳҳои ифротгаро рӯбарӯ шуд, оқибатҳои онро хуб дарк намуда, аз рӯзҳои аввали эълони мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, то ба имрӯз бар зидди ин зуҳурот дар алоҳидагӣ ва дастҷамъона муборизаи беамон бурда истодааст. Маҳз чунин вазъиятро ба инобат гирифта, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки бояд фаъолияти ташкилоти зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай васеъ карда шавад. Чунки баъди аъзо шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҳиндустон мавқеи ин созмон аз бисёр ҷиҳат тағйир ёфт. Бинобар ин ташкил намудани ташкилотҳои зиддитеррористӣ дар дохили давлатҳои аъзо хеле бамаврид мебошад. Ҷои қайд аст, ки ин созмон аз лиҳози геополитикӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, аҳолӣ, ҳудудӣ куллан тағйир  ёфт, ки на ба манфиати бархе аз давлатҳои абарқудрат мебошад. Аз ин лиҳоз онҳо ҷойҳои осебпазири ин созмонро кофта мекӯшанд, ки барои рушди он монеаҳо эҷод намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дирӯз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор шуд, таъкид карданд, ки давоми соли сипаришуда бо талошҳои муштарак ба хотири таҳкими суботу амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик, нуфузи гурӯҳҳои террористӣ, афзоиши хатарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҷонноку самаранок кардани Фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ҷалб намуданд. Барои пешгирӣ ва муборизаи муштарак бар зидди гардиши маводи мухаддир Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дастгирӣ карда шавад. афта, сабаби паьн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ б Дар ҳақиқат маблағи маводи мухаддир ба террористон фоидаи калон меорад. Дар сурати пурзӯр намудани мубориза бо фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба буҷаи террористон зарбаи таъсирбахш зада метавонад. Баъди аъзо шудани Ҳиндустон ва Покистон шумораи давлатҳои манфиатдори сулҳу субот афзуд. Дар баробари ин мо, ки бо давлати Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорем, бояд ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ифротгаро майл пайдо накунем. Зеро он давлатҳое, ки зиракии сиёсиро аз даст додаанд, дар кадом вазъият имрӯз қарор доранд, ба мо хуб маълум аст ва ҷои ёдовар шудан нест. Бинобар ҳамин нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ба мерос гузоштани давлати тинҷу ороми тараққикарда ба наслҳои оянда аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ва ин масъулияти бузург, пеш аз ҳама, бар дӯши мо ҷавонон мебошад. Мо бояд сабру таҳаммулро  пеша намуда, барои расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек кор кунем, то ки фарзандонамон дар оянда аз мо фахр намоянд.

Фаттоев Ҳотамҷон

Раиси ташкилоти ибтидоии

«Ҷӯйи мазор»-и ҷамоати деҳоти Ёва

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>