Боздиди иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ

СУҒД. Иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» аз минтақаҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву таърихии маркази вилоят боздид намуданд. Иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон» аз мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд, аз ҷумла Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол», ҳамзамон аз маҷмааи «Ҳавзи шиноварӣ», шиногоҳи соҳили дарёи Сир ва дигар мавзеъҳои шаҳр дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд. Лозим ба таъкид аст, ки ҳайатро Ҳабибуллоҳ Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, ҳамзамон дар қатори меҳмонон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, намояндагони вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳузур доштанд. Қобили қайд аст, ки дар доираи Фестивали минтақавии сайёҳии «Марҳабо ба Суғди бостон!» ҳамзамон иштирокдорони Форум-намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Исфара аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекстон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор ҳузур доштанд. Фестивал аз санаи 28 июн оғоз то санаи 2 июл дар ҳудуди шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Исфара ва Хуҷанд баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкили чунин фестивалҳо муаррифии имконоти сайёҳии шаҳру навоҳии вилояти Суғд арзёбӣ гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>