Бад макун, ки бад афтӣ

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. Амали ношоистаро аз замонҳои қадим ниёгони мо маҳкум мекарданд. Онҳо ба ягон дузду одамкуш назари нек надоштанд ва ба чунин ашхос бо нафрат нигоҳ мекарданд. Лекин имрузҳо баъзе ҷавононе пайдо шудаанд, ки анъанаҳои неки миллиамон, аз қабили инсондӯстӣ, некрафторӣ, некандеширо пеши по зада ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ тақдири худро пайваст мекунанд. Онҳо дониста ё надониста ба ягон ташкилоти ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва дигар аз ҳалқаи он баромада наметавонанд. Зеро ақли онҳоро гумоштагони хоҷагони хориҷӣ мисли манқурт гирифтаанд ва аз инсоният танҳо афту башараи хунукашон мондаасту бас. Бо супориши «хуҷаҳои худ» ин қабил ҷавонон тайёранд, ки ҳатто падару модар ва хешу наздикони худро низ нест кунанд. Барои онҳо мафҳуми Ватан, Модар умуман вуҷуд надорад, зеро чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, «террорист ватан, дин, мазҳаб надорад». Дар майнаи тундраву ифротгароҳо танҳо як калима – куштор ҷой дорад. Бо фармони сарварони худ онҳо занону кудакон, пирону заифонро низ қатл мекунанд. Яъне як қавми ёвоӣ  ҳастанд. Афсус, ки дар байни ин ёвоинаҷодҳо баъзе ҷавонони гумроҳ  ҳамроҳ шудаанд ва ҳоло бар зидди давлатҳои қонунии Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон аёну ноаён меҷанганд. Ба Афғонистон ғун шудани ин гуруҳҳои тундрав моро хушдор медиҳад, ки нисбати ин ҳодиса бетараф набошем. Аз ин сабаб, дар макотибҳо бо  насли навраси ба воя расанда доир ба ин мавзӯъ чӣ дар ҷараёни дарс ва чӣ дар соатҳои тарбиявӣ бояд бисёр суҳбатҳо ташкил карда шавад, моҳияти ҳар як ҳаракату ҳизбҳои ғайриқонунӣ ба онҳо фаҳмонида шавад. Таъкид карда шавад, ки пас аз хатми мактаб, ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, мабодо ба доми ин «хоҷагони мардумфиреб» наафтанд, ба умеди маблағи калон ба Туркия нараванд, ки аз онҷо ба Сурия яқ қадам роҳ аст. Бузургони мо гуфтаанд:

    Бад макун, ки бад афтӣ,

Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Албатта бадкардаю бадкирдор рӯзе ҷазои сазовори худро мебинад, якеро мекушад, аз дасти дигаре кушта мешавад. Аз ин рӯ, ҳамеша ҳаёти неку хуррамонаро бояд ҳавас кард. Одамиро танҳо кору кирдори нек номвар мекунад. Бояд ҷавонони азизи мо, ки ворисони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд, тамоми нерӯю маҳорат ва малаки хешро дар роҳи ободии диёр ва хизмат  ба халқу ватан сарф намоянд.

                  М.Сафаров, ноҳияи Спитамен.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>