Насли чавонро зери назар гирем

02072018

АНДЕША. Гарчанде, ки имрӯзро чеҳраҳои манфури ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва ҳомиёни онҳо, ҳадафу ғаразҳои шумашон ба аҳли ҷомеа ошкор гардидааст, вале ҳамоно моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем. Ҳанӯз ҳам мебинем, ки тавассути шабакаҳои интернет ва воситаи дастраси ахбори ҷаҳон қувва ва нерӯҳои муайян кӯшиш намуда истодаанд, ки тафакури мардум, махсус ҷавононро хароб намуда, ақидаҳои шуми худро ҷойгир намоянд. Пешвои миллатамон қишри фаъоли ҷомеа, алалхусус, зиёиёнро мудом даъват мекунанд, ки мо бояд ба тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва содиқ ба ақидаҳои давлати соҳибистиқлол таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоем, ки ин яке аз омилҳои асосии ҳифзи давлатдорӣ ва пойдории ваҳдату иттиҳод дар ҷомеа мебошад.   Аз ин рӯ, аз ҳар як омӯзгор ва оила тақозо карда мешавад, ки масъалаи тарбияи фарзандонро дар мадди авввал қарор дода, ба фаъолияти ҳамарӯзаи худ табдил диҳем. Махсусан, омӯзгоронро зарур аст, ки барои фарогирии хонандагон, умуман, насли наврас ба маҳфилҳои гуногуни фаннӣ, варзишӣ ва тадбирҳои доимии тарбиявӣ чораҳои мушаххас андешида, нагузорем, ки онҳо лаҳзае фориғ аз машғулиятҳо монанд, яъне кори тарбияви насли наврас ва ҷавонон ба пешаи мақсадноки ҳамарӯзаи мо табдил ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф тарбияи насли солиму ватандӯсту ватанпарвар, ки омили муҳими субботу устуворӣ ва ояндаи хушбинӣ давлату миллат ба шумор меравад, ҳамкории мактабу оила боз ҳам пурзӯр карда шавад.

             А.Саидмуродов-

мушовири раёсати маориф

             шаҳри Конибодом      

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>