Дарси сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии бойтори ноҳия

20180704_092539

АШТ. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии бойтори ноҳия бо иштироки кормандони он дарси сиёсӣ оиди мавзӯи «Зуҳуроти номатлубро маҳкум месозем» баргузор гардид. Дарси сиёсиро раиси ташкилоти ибтидоии бойтори ноҳия Ҳошимов У. оғоз намуда, мақсади баргузори дарси сиёсиро баён намуд. Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Рузиматов Д. ба сухан баромада, дар баромади хеш зикр намуд, ки падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, тероризми байналмиллалӣ, шомилшавии махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта ҳамчун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки аз тамоми воситаву имконоти мавҷуда истифода бурда нагузорем, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи баъзе гурӯҳҳову ақидаҳои носолим гардида бошанд. Баъдан дар доираи мавзӯъ сӯҳбати кушод ороста гардида, ҳамагон аз он бахубӣ бархурдор гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>