Дар Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» бинои иловагии меҳмонхона ба истифода дода шуд

ГУЛИСТОН. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Чанде қабл дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» дар заминаи ҶДММ Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» бинои иловагии меҳмонхона бо 24 ҳуҷраи дунафара  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода таъкид намуд, ки тибқи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ тавсеа ёфта, дар ин раванд соҳибкорон пешоҳанг мебошанд. Қобили зикр аст, ки аввалин меҳмонхонаи “Соҳил” соли 2008-ум аз тарафи соҳибкор Абдулло Абдуллоев бо 9 ҳуҷра ва 18 ҷой сохта шуда буд. Бинои дуюми меҳмонхона бо 12 ҷой, инчунин бинои Маркази табобатӣ-солимгардонӣ бо 48 ҷой соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Алҳол масоҳати Маркази табобатӣ-солимгардонии “Соҳил” 1,1 гектарро ташкил дода, он дар мавзеи хушманзари “Баҳри тоҷик” маъво гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>