Вусъати корҳои ободонӣ

СПИТАМЕН. Ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳо ба сомон расонида шуда истодааст. Дар доираи иқдоми «1300 рӯзи меҳнати зарбдор»  чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Куруш як пули мошингузар, дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ғайрат Фатҳуллоев як нуқтаи хизматрасонӣ, сехи нонпазӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз тарафи соҳибкор Мирзорақиб Зарипов як меҳмонхонаи замонавӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд. Бояд гуфт, ки дар бунёди иншооти гуногун саҳми соҳибкорони ноҳия назаррас мебошад. Соҳибкорони ноҳияи Спитамен бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён дошта буданд, тасмим доранд иншооти гуногунро мавриди истифодаи умум қарор диҳанд. Масалан, дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол аз тарафи соҳибкор Мирсаидов Акмал Маркази хизматрасонии варзишӣ ва аз тарафи соҳибкор Исмоилов Каримҷон майдони варзишии футболи хурд, ҳамом ва чойхона, дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз тарафи соҳибкор Абдураҳимов Озод майдончаи варзишии бачагона ва футболи хурд сохта ба истифода дода мешавал. Айни ҳол дар ин иншоотҳо корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>