Мулоқоти бо аъзои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат

20180704_091016

ПАНҶАКЕНТ. Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Пленуми 3- юми Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр доир гардид. Дар кори Пленум раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода иштирок ва суханронӣ намуд.  Раиси кумиҷроия дар мулоқот  зикр намуд, ки ҳоло дар назди Кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ Шӯрои собиқадорони ҳизб амал мекунад, ки нақши онҳо дар ҷомеаи мо назаррас мебошад. Дар  маҷлис оид ба хизматҳои арзандаи насли калонсол дар бобати пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи диёр, нақши онҳо дар тарбияи насли ҷавон сухан гуфта шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз ҷумла, ифротгароӣ ва шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу баркатҳои ифротгаро ҷилавгирӣ намоянд. Дар ҳар як суҳбату мулоқотҳои худ дар байни аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ободонӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзу дарки арзишҳои миллӣ сухан гуянд. Насли ҷавони имрӯзаро аз таҷрибаи неки кории худ баҳраманд гардонанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба ватан, меҳнатдустӣ ва қадрдонӣ омода созанд. Дар охир аз ҷониби раиси кумитаи иҷроия 10 нафар собиқадорони меҳнат, ки нақши онҳо дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ назаррас аст, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>