Таъсиси гуруҳи корӣ ва тарғиби соҳибкорӣ

ХУҶАНД.  Бо мақсади дар сатҳи баланд таъмин намудани талаботи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни зикргардида нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, доир ба тарғиби соҳибкорӣ байни аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон, занону духтарон тадбирҳо андешад. Дар асоси қарори мазкур амалисозии силсилаи иқдомҳои зиёд, аз ҷумла ташкили рӯзи ягонаи вохӯрии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон, таъсиси маҳфили соҳибкорони ҷавон, ташкили семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидорҳои технологӣ ва идоракунии кормандони корхонаҳои хурду миёнаи шаҳр, баргузор намудани мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои марбут ба тиҷорат, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии соҳибкорон, ташкили мусоҳибақаҳои варзишӣ байни соҳибкорон, ҳавасманднамоии соҳибкорони бомасъулият дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, муаррифии минтақаи нави саноатии шаҳр барои соҳибкорон, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёна, муаррифии иқтидорҳои инвеститсионӣ ва содиротии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст. Ҷоизи зикр аст, ки озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018″ бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, гузаронида мешавад. Озмун аз рӯи 8 самт ва 42 номгӯй гузаронида шуда, ба ғолибон маҷмӯан бештар аз 431 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>