Омилҳои ҳимояи марзу бум моҳияти сулҳу ваҳдат, пешгирии амалҳои террористӣ

андеша

АНДЕША. Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза гаштааст. Дигаргуниҳои калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикстон дар солҳои 90-уми асри гузашта рӯ ба рӯ шуд, кишвари моро ба душвориҳои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷангҳои дохилию такмилии солҳои 1992-1997 гардид, ки дар натиҷа ҳаёти зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванд бесару сомон шуда, оқибатҳои он ҳоло ҳам эҳсос мешавад. Бо мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснок кардани мубориза бар муқобили терроризм ва экстремизм, санаи 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар муқобили терроризм» ва санаи 21 ноябри 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экстремизм» қабул карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи мубориза бар муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари экстремизм барои солҳои 2006-2010» ва «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобили терроризм ва экстремизм» роҳандозӣ карда шуд.  Дар айни замон дар байни терроризм ва экстремизм ягонагии амалиёт дида мешавад: ҳардуи ин зуҳурот масъаларо бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардан мехоҳанд. Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ мекунанд. Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд, ки «Терроризм, Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва аз ин рӯ мубориза бар муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад». Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар баёни ҷавонон шуури динӣ рӯ ба инкишоф ниҳодааст ин раванди хатарнок на танҳо барои ҷамъият ва давлат, балки барои исломи анъанавии мазҳаби ҳанафӣ низ бетаъсир намемонад. Дар айни замон ба омилҳои паҳн гардидани зуҳуроти терроризм ва экстремизм мо фаромӯш накунем, ки асоси он дар соҳаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир ниҳон аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни ҷомеа мавриди мубосиҳа ва андешарониҳои зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8-и қонуни мазкур падару модарон ӯҳдадоранд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуис динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд. Танҳо соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи қонун бештар аз 3100 падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Албатта ин ҳама чораҳо барои беҳбудии ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешавад. Зеро аз роҳи бад гардонидани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯа шукргузорӣ намоянд. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳои ва монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тарақиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар кассе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бар меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем. Ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваи ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ. Сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Имрӯз мо хушбахт аз онем, ки дар фазои озоду бофароғат зиндагӣ мекунем. Пас мо, омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгарӣ тарбият намоем ва ба шогирдони худ пайваста таъкид намоем, ки чун як фарзанди банагу номус. Барои миллат бо сулҳу Ваҳдати кишвари азизи худ ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоя намуда, бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза баранд. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол умед ба ҷавонони ояндасоз ва бонангу баномус дорад.

Иноят КАРИМОВА,

омӯзгори МТМУ №10-и ш. Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>