Вохурӣ дар ҷамоати деҳоти Фондарё

DSCF3358

АЙНӢ. Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарё дидан намуданд. Бо раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ  оиди  Обуна  ба  рӯзномаҳои  “Минбари  Халқ”  ва  “Сухани  Халқ”  вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шуда, баҳри пурзӯр намудани корҳои ташвиқотӣ, тавсеа бахшидан ба корҳои дохилиҳизбӣ ба аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотӣ дастурҳо дода,ҳамзамон бо ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии мазкур шинос шуда, доир ба пардохти ҳаққи узвият ва дурусттар ба роҳ мондани он тавсияҳо дода шуд.  Дар  суҳбат  Раиси  ҷамоати  деҳоти  Фондарё Ҷуразода  Ёрмаҳмад  изҳор  намуданд,  ки  тибқи  нақшаи додаи   комиҷроия  ҷамоати деҳоти Фондарё  нақшаи  обунаро пурра  ба  итмом  расонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>