Омӯзиш ва мусоидат

ГУЛИСТОН. Бо мақсади шиносоӣ, омӯзиш ва мусоидат намудан ба танзими  ҳуҷҷатгузории Ташкилоти ибтидоии «Тоҷик-Телеком» Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон ба ташкилот ташриф овард. Дар рафти омӯзиш мудирони шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон  иштирок намуданд. Ҳуҷҷатҳо аз қабили нақшаи корӣ, рафти иҷроиши он, ҳуҷҷатҳои ирсоли аъзоҳақӣ, ҳисоботи оморӣ, протоколҳои маҷлисҳои Ташкилотҳои ибтидоӣ, тартиби гузаронидани соатҳои сиёсӣ  аз назар гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.  Барои бартараф намудани камбудиҳое, ки дар ҳуҷҷатҳо, нақшаҳои корӣ, ҳисоботҳо буданд  ёрии методӣ расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>