Баланд бардоштани маърифати аҳолӣ

АШТ. Дар пешрафт ва рушди фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамо ва дастури амал мебошад. Дируз мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳоҷиматова Ш. бо занону духтарони ташкилоти ибтидоии шуъбаи хизматрасонии ноҳияи Ашт бо мақсади тарғиби яке аз самтҳои Паёми Пешвои миллат оиди кам намудани талафоти  техники нерӯи барқ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оиди истифодаи оқилонаи барқ мулоқот баргузор намуд. Оиди ин мавзӯъ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, чунин қайд намуд: Ҳукумати мамлакат аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бонерӯи барқ бемаҳдудият таъмин намуд. Дар баробари ин, истеъмол кунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи техналогияҳои каммасраф кӯшиш намоем. Инчуни бобати ин мавзӯъ иштирокчиён низ фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>