Оғози мусобиқаҳои вилоятӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон

1

БӮСТОН. Бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии ташкилоти байналхалқии «Оперейшн Мерси» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар саҳни ташкилоти тамъиятии «Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон» расми ифтитоҳи мусобиқаҳои вилоятӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи мусобиқаҳо раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рамзиддин Ҷӯраев суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба шахсони дорои имконияти маҳдуд ва таъмини шароити мусоид ба онҳо ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо байни шахсони дорои имконияти маҳдуд, ин бори дигар ба ҳаёти осоишта ва раванди солимгардонӣ ҷалб намудани онҳо маҳсуб меёбад. Мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои дастхобонӣ, шашка, тениси рӯи миз, футбол, сабқат бо аробачаҳои маъюбӣ давоми се рӯз аз 5 то 7 июн баргузор гардида, ғолибон дар Рӯзи маъюбон бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо 100 нафар варзишгарон-шахсони дорои имконияти маҳдуд аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ ширкат ва дар намудҳои варзиши дастхобонӣ, шашка ва тениси рӯи миз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>