Бо муҳоҷирони меҳнатии шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳои судманд гузаронида шуд

СУҒД. Давоми ҳафтаи равон  дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои маърифатӣ – иттилоотӣ доир шуданд, ки мавзўи асосиашон пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) буд. Тавре аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, гурӯҳи корӣ тӯли чанд рӯз бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот  намуд. Бино ба иттилои манбаъ, новобаста ба он, ки мавзўи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО буд, зимни он чандин масъалаи дигар, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, муқовимат бо экстремизму терроризм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони дохиливу экологӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин радиф ба иштирокчиёни мулоқот моҳияти Созишнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон вобаста ба муҳоҷират фаҳмонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>