Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад

СУҒД. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси хайрхоҳонаи  Пешвои миллат ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон  таҷлил карда мешавад.   Ба ин муносибаи имрӯз, 7 июл, дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии  вилояти Суғд, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон бахшида ба ин сана дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш 300 нафар маъюбону пиронсолон, намояндагон аз бахшҳои ҷамъиятҳои шаҳру ноҳиявӣ ва Иттиҳодияи миллии маъюбони ҷумҳурӣ барномаи идонаи вилоятӣ доир мегардад. Бино ба гузориши   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳамчунин дар доираи таҷлили Рӯзи маъюбон  ҷиҳати бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ниёзманди ҷомеа дар ҳамаи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ гузаронидани муоинаи тиббии ройгон барои маъюбон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, аёдат намудани шахсони имконияташон маҳдуд ва баргузории хатнатӯи кӯдакони маъюб ба нақша гирифта шудааст. Дар ин рӯз ба маъюбон кумакҳои моддӣ ва молиявӣ низ расонида мешаванд. Ҳоло дар миқёси вилояти Суғд 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1800 нафар будубоши доимӣ доранд. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар вилояти Суғд беш аз 47 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо беш аз 4000 нафарашон маъюбони гурӯҳи 1 ва беш аз 7000 нафар кӯдакони маъюби то 18- сола мебошанд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи маъюбони мамлакат зери ғамхории пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар арафаи ҷашну идҳо аёдат карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>