Оғози Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018”

СУҒД. 6 июли соли 2018 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ифтитоҳии Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” баргузор шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иштирокдорони Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018”-ро ба вилояти Суғд, ки ҳамчун водии имкониятҳо шинохта шудааст, хайрамақдам гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода, иброз дошт, ки минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол рушд ёфта истодааст. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки вилояти Суғд аз минтақаҳои саноатии мамлакат маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст. Масалан, дар се соли ахир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ду баробар афзуда, дар соли 2017 дар вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Раиси вилоят инчунин перомуни фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд сухан гуфта, изҳори умед кард, ки Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” ҷиҳати рушди савдои байналмилалӣ, истифодаи самараноки имкониятҳо, мубодилаи молу маҳсулот, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидат хоҳад кард. Сипас, Сергей Ключарев — раиси Шӯро оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар назди Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, Дилшод Менглиев — сардори бахши тошкандии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Зулфия Давлатбекова — менеҷери лоиҳаҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Эдвард Сафарян — мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодии дафтари САҲА дар Тоҷикистон,  Озодхон Давлатшоев — директори генералии ширкати «Tcell» суханронӣ намуда, барои ташкили чунин як чорабинии сатҳи баланд, ки бешак барои рушди ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сипосмандии худро баён доштанд. Ҷоизи зикр аст, ки дар Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, Федератсияи Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи ҷанубӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон беш аз 200 ширкат маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» 7 июл низ идома меёбад ва дар доираи он ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо миёни доираҳои тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>