Дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дар канор набошем!

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Солҳои охир афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онхо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пас аз бархам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъсис дода шуд. Чунин холат дар давраи сохибистиклолӣ ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагӣ таъсири худро гузошт. Дар шароити мураккаби ҷамъиятӣ гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ба қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, сохторҳои ҳокимияти давлатиро бо  роҳи фишору зӯроварӣ зери назорат мегирифтанд. Дар ин солҳои барои мамлакат душвор миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гуруҳҳои ҷинояткор афтод ва аз вазъияти ногувор истифода бурда, онҳо ҷиноятҳои вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, ифротгароӣ ва ғайраҳоро содир менамуданд. Айни замон ташкилотхои террористии «Ансоруллох», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Толибон», собиқ «Ҳизби наҳзати ислом», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ аст, ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд. Ифротгароӣ дар шароити имруза  бештар ба сиёсат дахл намуда, роҳи таҷовузро ба сиёсати имрӯзаи давлат пеш гирифтааст. Мақсади ниҳоии онхо бо ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтаво ва арзиши фарҳангии онро тарғибу ташвиқ намоем ва бо ҷавонон дар ҳама даргоҳи илму маърифат корҳои фаҳмондадиҳиро бисёртар ба роҳ монем. Пешгирии ҷалби ҷавонони камсавод ба гуруҳҳои мухталифи террористӣ ва бунёдгарона аз гирдоби хатарҳои экстремистӣ эмин нигоҳ доштани онҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бештар гардонем. Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, моро зарур аст, ки  дар фаъолияти кориамон ҳамеша талош намоем, ки ба таври огоҳона ҳар шаҳрванд новобаста аз он ки чӣ мақому вазифа ва дар чӣ ташкилоту муассиса кор мекунад, мавқеи сиёсиашро муайян карда, дар назди ҷомеа ва Ватани худ муносибатҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин, давлати демократӣ, ки аз ҷониби Пешвои азизамон мушаххас гардидаанд, ҳисса гузорад. Мутаассифона, дар ҷамъият шахсоне пайдо мешаванд, ки аз надоштани саводи кофӣ ба фиребу фитнаангезӣ роҳ дода, аз бекориву нодонӣ фазои оромро тираву тор мегардонанд. Ҳар як фарди солими ҷомеа бояд сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Пешвои миллатро пешаи кори худ дониста, дар ҳалли ин муаммои доғи рӯз бояд дар канор набошад. Зеро гуфтаанд,

 

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.

 

Мавлонова М., омӯзгори фанхои таъриху чомеашиносии

коллеҷи омӯзгории ба номи М.Турсунзода  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>