Дўст доштани ватан аз имон аст

pero

АНДЕША. Барои ҳар инсон Ватан муқаддас мебошад. Зеро инсонро маҳз бо  Ватан ва номаш  мешиносанду агар инсони ростин бошад, эътироф мекунанд.  Хизмат ба Ватан ва эҳтирому дўстдории он аз рисолати ҳар инсони асил  маҳсуб мешавад. Паёмбари Акрам фармудаанд, ки “дўст доштани ватан аз имон аст”. Имрўз барои ҳар нафар тоҷик зарур аст, ки халқу миллат ва ватанашро беш аз ҳар вақта  бояд дўст дорад. Мутааасифона Шумо намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрўз бо дастури ғаразмандонаи хоҷагони беруна кўшиш доред, ки ба сулҳу амнияти кишвари азизамон халал ворид созед. Боре маҳз бо дасти ҳамин гуна хоҷагоне, ки нобудии ватани моро мехостанд, халқи тоҷик солҳо оғуштаи хоку хун гардид ва Тоҷикистон солҳо аз рушду тараққиёт бозмонд. Имрўз бошад кишвари азизамон рў ба  сўи тараққиёт ҳасту парчами сулҳу ваҳдат парафшон мебошад. Аммо боз ҳам маҳз бо воситаи Шумо намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ  душманони миллат майл доранд, ки сулњу амнияти моро халалдор созанд.    Мо хуб медонем, маслиҳату машварати хоҷагони хориҷӣ барои  беҳбудии кишвари мо нест. Онҳо мехоҳанд  халқи тоҷик  боз ҳам оғуштаи  хоку худ гардад. Имрўз  маълум аст, ки маҳз бо номи дини мубини Ислом ҳаракатҳои ғаразмандонаи гурўҳҳои терористиву экстрамистӣ оромиву амнияти кишварҳоро халалдор кардаанд ва ҷони ҳазорон инсони бегунаҳро рехтаанд.  Мо ба  намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ  гуфтанием, ки иштибоҳи Шумо барои халқи тоҷик натиҷаҳои хуб надорад. Ва агар ба ҳамин гуна амалҳои баде, ки барои халқу миллати худ мекунед, мардуми тоҷик ҳаргиз Шуморо намебахшад. Баъзе аз намояндагони давлати исломӣ  дар Эрон низ бо кўмаки Шумо моиланд, ки ин ҳам хизмати хирсона барои халқу миллати тоҷик мебошад.  Сулҳу ваҳдати миллии мо  ба осонӣ ба даст наомадааст, ки аз ин рў, кўшишҳои ноҷавонмардонаи бархе аз душманони чашмони Шуморо кўр кардааст. Замоне ҳаст, ки ҳар як тоҷик бояд фикри халқу миллат ва  сулҳу ваҳдати миллиро бояд намояд. Даҳҳо давлатҳои ҷангзадаву харобгардида ҳастанд, ки оромиву осудагии кишвари моро ҳавас менамояд.  Имрўз Тоҷикистон дирўза Тоҷикистони ҷангзада нест. Шумо  намояндагон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ  як маротиба иштибоҳи бузург  кардаед, ки барои халқи тоҷик хеле гарон омад. Акнун замоне, ки фаро расидааст, ки иштибоҳи худро ҷуброн намуда, дар бораи пойдории сулҳу ваҳдати  миллӣ низ бояд андеша намоед.

Директори гимназияи №2

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раҳимова М.А.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>