Дар маркази намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ

КОНИБОДОМ. Дар доираи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Конибодом аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи рассомон дар бинои фурӯшгоҳи «Дӯстӣ» — рӯбарӯи саристгоҳи нақлиёти мусофиркашон ташкил карда шуд. Рафҳои толор аз маҳсули дастии ҳунармандон фаровон буда, мавзеи тамошову харид аст. Сеҳри ҳунарҳои кешбоф Гулсун Аҳмадова,  муҳрабоф Муяссара Деҳқонова, гаҳворасоз Комилҷон Акрамов, сандуқсоз Суҳроб Зоҳидов, сабадбоф Абдувоҳид Нозиров, йӯрмадӯз Нодира Исмоилова, ҷомадӯз Мунаввара Йӯлдошева, тоқидӯз Шафоат Мамадҷонова, оҳангар Алиҷон Мамадҷонов ва дуредгару челогарони моҳир қалби тамошобинонро ба ваҷд меорад.Хонаи рассомон боз як олами дигар аст. Мусаввараҳои рассомони мониқалам – бародарон Абдувоҳид ва Зикрулло Абдуллоевҳо ва фарзанди Абдувоҳид — Бунёдҷон, ки ба қатори ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ шомил аст, тасвири ҳаётист. Мусаввирон бештар аз манзараҳои зебои диёр илҳом мегиранд, ки дар офаридаҳояшон гулдухтарони тоҷик бо либоси зебандаи миллӣ ва табиати зебои диёр хеле табииву назаррас тасвир ёфтааст.Умед аст, ки ин ҷо ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сайёҳони Канди куҳан табдил ёфта, аз дастранҷи ҳунарашон Конибодом чун шаҳри ҳунармандон дар хотирҳо боқӣ мемонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>