Форуми байналмилалии чавонон «Байкал»

viber image

ИРКУТСК. Бо максади таквият бахшидани хамкорихои хизби, табодули тачрибаи пешкадам ва кавитар гардидани робитахои байналмилали, дар намояндагии минтакавии Хизби умумироссиягии «Единая Россия» дар вилояти Иркутск мулокоти намояндагони ТЧЧ «Созандагони Ватан» бо хайати рохбарикунандаи хизб — Мясников Дмитрий Александрович — муовини раиси кумитаи ичроияи «Единая Россия» дар вилояти Иркутск, Артем Синдежапов, рохбари каноти чавонони «Единая Россия» — «Молодая Гвардия» дар вилояти Иркутск, Константин Бушуев, рохбари каноти чавонони «Единая Россия» — «Молодая Гвардия» дар шахри Иркутск ва Алексей Гордин, раиси комиссия оид ба муносибатхои милли ва озодии вичдони Палатаи чамъиятии вилояти Иркутск, рохбари намояндагии минтакавии Ассамблеяи халкхои Россия дар вилояти Иркутск баргузор гардид. Хайати ТЧЧ «Созандагони Ватан»-ро дар вохури мудири шуъбаи кор бо чавонон ва занони Дастгохи КИМ ХХДТ, муовини якуми раиси ТЧЧ «Созандагони Ватан» Илхомчон Хамидов рохбари ва муаррифи намуд. Хамчунин, Раиси КИ ХХДТ дар нохияи Сино Заррина Файзуллозода, Раиси КИ ХХДТ дар нохияи Исмоили Сомони Насимчон Расулзода,viber image1 мудири шуъбаи ташкилии КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон Навруз Хусейнзода ва мудири шуъбаи кор бо чавонони КИ ХХДТ дар шахри Хучанд Фирдавсхон Саидов низ дар мулокот иштирок доштанд. Чонибхо бо каноатманди аз баргузории Форуми байналмилалии чавонон «Байкал» натичагири намуда, дар мавзуи авлавиятхо ва афзалиятхои кор бо чавонон, ба рох мондани тачрибаи мунтазами табодули хизбиён, татбики босамари карордоди хамкории намояндагии минтакавии «Единая Россия» дар вилояти Иркутск ва КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон, чалби бештари сайёхони Иркутск ба Точикистон дар доираи эълони «Соли рушди сайёхи ва хунархои мардуми», ташкили курсхои машварати-омузишии хизбиёни чавон дар каламрави кишвархо ва дигар масоили мухими дохилихизби сухбати самими анчом доданд. Дар охир, аз номи хайат ба рохбарияти минтакавии «Единая Россия» дар вилояти Иркутск армугони милли такдим гардид. Хотиррасон бояд кард, ки шартномаи хамкори миёни ХХДТ ва «Единая Россия» мохи январи соли 2017 имзо шудааст.

viber image3

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>