Давидани гӯсола то каҳдон

02072018

дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Решаи ноаён»

АНДЕША. Санаи 18- июн тариқи телевизиони «Тоҷикистон»  филми ҳуҷҷатие таҳти унвони «Решаи ноаён» оиди фаъолияти ҷосусии Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд. Қиёмиддин аз соли 90-ум инҷониб хиёнаткории худро то соли 2017 идома додааст. Чӣ хеле, ки мегӯянд: «Давидани гӯсола то каҳдон» ва оқибат моҳи ноябри соли 2017 дастгир шуда, аз моҳи май барои хиёнаткориҳояш ба тӯли 25 сол барои нигоҳ доштан дар маҳбас маҳкум карда шуд. Дар филми «Решаҳои ноаён» хиёнаткориҳо ва ҷосусии Саид Қиёмиддин Ғозӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба монанди пешсафони ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки давоми солҳои 90-ум оромиву осоиштагии ватанамонро бо фикри хиёнаткоронаи худ ва бо фармоиши ба ном «хоҷагони хориҷӣ»-и худ халалдор сохта, ба ватани худ, халқи худ, ба оилаву бародар ва наздкони худ, ба замине, ки  худ дар он пой монда ба воя расида, аз обу ҳавояш баҳравар гардидаанд, нохалафона хиёнат кардаанд. Ҳар як амалеро ҷавобест. Дар ҳақиқат амали ношоистаеро, ки ба гумроҳиву торикӣ даъват ба амал меорад, натиҷааш торикиву ҷавобаш сангин аст. Ин амалҳои ношоиста ва нангини Саид Қиёмиддини  Ғозӣ ва пайравони гумроҳи ӯ сабаб гардид, ки  солҳои 90-ум хуни садҳо халқи бегуноҳи тоҷик, ҷавонон, модарону  кӯдакон рехта шуд.  Намоиши филми «Решаҳои ноаён» ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ёдрас месозад, ки ҳар як инсон хулосае барорад ва чунин амалҳои ношоистаи шахсоне. ки оромиву осоиштагии давлату миллатро халалдор мегардонанд, мардумро ба гумроҳӣ роҳандозӣ менамояд ва дар фикри бад ҳастанд, маҳкум намояд.

Саидзода ОРИЁН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>