Вохӯрӣ бо занон

бғ занон

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо мақсади пешгирии никоҳи хешутаборӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз дар байни занону духтарон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Бо чунин мақсад мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Солиева М бо занони маҳаллаи Бахти ҷамоати деҳоти Хистеварз вохӯрӣ доир намуд. ӯ зимни баромад диққати ҳозиринро  ба масъалаҳои пешгирии никоҳи барвақтӣ ва парокандашавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳунаромӯзии занону духтарон ҷалб намуд. Инчунин, занони маҳал низ ба сухан баромада, фикру ақидаҳои хешро дар бораи мавзӯъҳои дар боло зикршуда баён намуданд. Аз ҷумла яке аз занони фаъоли маҳалла Шукурова Ш., гуфт, ки пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад.  Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, аз ҷумлаи муаммоҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ  ва кулли аъзоёни ҷомеаро тақозо мекунад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>