Тарғибот бо усули “кӯча ба кӯча”

20180706_162225

АШТ. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хохад шуд. Имрӯз тибқи нақшаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мулоқот бо усули кӯча ба кӯча дар кӯчаи Бинокорони шаҳраки Шайдон, бо мақсади тарғиби расман оғоз гардидани даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз дар байни занону духтарон баргузор гардид. Зимни мулоқот занони ин маҳал ба сухан баромада, иброз намуданд, ки мутаасифона бархе аз занони беандеша ва номурод дидаю дониста обҳои дар гирду атрофашон бударо ифлос мегардонанд. Ба дарёчаи дар шаҳрак буда партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаё сириштакорӣ истифода мебаранд. Мо занон барои пеш гирифтани ин ҳодисаҳои номатлуб метавонем саҳми арзанда гузошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>