Боз як иқдоми хайр

ДЕВАШТИЧ. Дирӯз дар селроҳаи даромадгоҳи мавзеи дурдастарини ноҳияи Деваштич, деҳаи Метк, ки дар паҳлӯи он мактабу чанд  хонахои истиқомати мавҷуду ҳар вақт ҳангоми боришот  хатар эҷод мекард, пули нав мавриди истифода   қарор гирифт. Ташаббускори  пули нав, ки   дарозиаш 9 метру бараш наздик 6 метр аст сокини деҳа, бонуи 80 сола Маҳтобхон Фозилова мебошаду 70 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозашро бо нияти зиёрати Хонаи Худо ба амали хайр ҳадя кард. Дар тантанаи ба истифодасупории пули нав  рохбари гуруҳи кории Дастгоҳи  иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода  Аҳдам Рустам, муовини раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашур, раиси нохия Рустам  Ҷӯразода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон аҳли деҳаро бо ин иқдоми тоза,ки аз дастуру вазифагузорихои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомали Раҳмон бармеояд табрик гуфтанд. Дар поёни тантана ба сохибкорону бунёдкорон, шахсони дар буёди пул захматкашида тӯҳфаю Ифтихорномахои КИН ҲХДТ ва рохбарияти нохия тақдим  гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>