Таҷлили Иди маъёбон

???????????????????????????????

АЙНӢ. Бахшида ба Рӯзи маъюбон, бо ибтикори МИҲД-и ноҳия  ва  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия   лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тадбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, дар МТМУ №19-и деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ, чорабинии варзишӣ дар мавзӯи “Варзиш барои ҳамагон” баргузор карда шуд, ки дар он муовини раиси ноҳия Г. Зокирзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия А.Қобилзода, аъзои фаъоли  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон , варзишгари машҳури дорои маъюбият, чемпиони ҷаҳон оид ба дастхобонӣ аз шаҳри Истаравшан Акмал Қодиров, мастер класс Ғайрат Тухтасунов (варзишгари дорои маъюбият) барои кӯдакон, гурӯҳи маъюбон, басткетболбозони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, намояндагони Каритас Олмон, устодон ва маъюбони рустои дар боло зикргардида ширкат варзиданд. Нахуст, муовини раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, кулли маъюбони ҷамъомадаро ба муносибати идашон табрик намуданд. Ҳамзамон, варзишгари дорои маъюбият Ғайрат Тухтасунов баромад намуда, қайд кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо маъюбонро танҳо нагузошта, пайваста кумакҳои падаронаи худро мерасонанд. Аз ин лиҳоз мо танҳо нестем, гарчанде маъюб бошем, аммо кунҷи хонаро ихтиёр намекунем, талош менамоем, ки ба варзиш машғул шавем ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бандем.   Сипас, аз рӯи барнома гурӯҳи маъбияти вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе бо аробачаҳои маъюбии хеш, ба мусобиқаи баскетбол ҳусни оғоз бахшиданд. Дар рафти мусобиқа гурӯҳи маъюбияти баскетболбозони шаҳри Душанбе бартарияти бештарро нишон дода, ҳарифи худро бо ҳисоби калон 48:26 шикаст доданд. Дар интиҳои чорабинӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскари Усмон бо сурудҳои пурмуҳтаво ва меҳанпарастона, таъби иштирокчиён ва маъюбонро болида намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>