Ҷаласаи Ситоди ноҳиявии «Обуна — 2019»

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар толори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ситоди обуна оид ба муташаккилона  гузаронидани маъракаи «Обуна — 2019» ба нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» бо иштироки ҳамаи аъзоёни ситод баргузор гардид. Ҷаласаи ситоди ноҳиявиро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир оғоз намуда, ҳамагонро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Сипас, ӯ  аъзоёни ситодро  бо фармоиши кумитаи иҷроия, ҳайати аъзоёни ситод ва вазифаҳои онҳо, меъёри муқаррарнамудаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мувофиқи  КИИ ва ташкилотҳои ибтидоии минтақавӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия  шинос намуда, бобати амалигардонии қарорҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, муфассал истода гузашт. Ҳамзамон  таъкид намуд, ки маъракаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ фаъолияти ҳамасолаи кумитаи иҷроия маъсуб ёфта, дар ин самт кумитаи иҷроия, аъзоёни ситод таҷрибаи кофӣ доранд. Анварзода Амир дар охир аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки то санаи 9 сентябр, яъне дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ иҷро намоянд. Дар охир иштирокдорони ҷаласа ваъда доданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани вазифагузориҳои ҷаласаи имрӯза   чора – тадбирҳои иловагӣ андешида, барои дар мӯҳлати муайянгардида иҷро намудани нақша кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>