Чу узве ба дард оварад рӯзгор

андеша

АНДЕША. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, тероризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатар хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад. Масалан, се амали хунини терористӣ дар пойтахти Афғонистон дар давоми як ҳафтаи охир ҷанг қариб 130 нафарро рабудааст. Ин амалҳои хунин дар даҳаи охири моҳи Январи 2018 пайи ҳам рух додааст. Агар амалҳои терористӣ аз ин пеш бо норинҷаку автоматҳо ба вуқӯъ меомад, инак терористони толибон ба бомбаборон гузаштаанд, ки ба гуфти шуҳидони ҳодиса қудрати таркиш ба ҳадде будааст, ки хонаҳои садҳометр дур аҳ маҳалли таркиш ҳам такон хӯрдаанд ва дар бархе аз онҳо шишаҳои тирезаҳо фурӯ рехтааст. Ин таркишҳои маргбод дар маҳаллаи Вазир Акбархон, дар меҳмонхонае, ки хориҷиён буданд ва 28 январ дар Академияи низомии Афғонитон шуда гузаштааст. Албатта ин гуфтаҳо мукин закитабъро ба ҳайрат биёварад, ки аз овардани ин далелҳо манзур чист? Манзури муаллиф ин аст, ки амалҳои мудҳиши тарористонро, ки аз дасти ҳизби ифротгарои “Толибон” ба амал омадааст, моро ором намегузорад. Мо ҳамсоякишварем, ин таркишҳои бесарусомон ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро мерабояд. Мардумакони ин кишвари ҷангзада ҳамеша зери фишори рӯҳӣ қарор дошта, ҳар лаҳза марги худро интизорӣ мекашанд. Ин амалҳои мудҳишро дастаи толибон бо сарбаландӣ ба ӯҳда гирифтааст, чӣ нафратовар! Ин гуна амалҳои даҳшатноку бешарафонаро роҳбарҳои кишварҳои абарқудрат низ маҳкум намудаанд. Мушкилоти аслӣ он аст, ки доираи хатари ин гуна зуҳуроти сангини давр рӯз аз рӯз васеъ гардида, истодааст. Бинобар ин аксар кишварҳои ҷаҳон мавҷудияти чунин гурӯҳҳоро маҳкум кардаанд мо низ маҳкум мекунем, зеро ҷомеае, ки на бо иродаи халқ балки ба зӯри шиканҷа ва зарби силоҳ бунёд карда мешавад ва дар он баробарҳуқуқии ҷинсию наҷодӣ фароҳам намеояд, давлат номидан номумкин ва дини дар он амалкунандаро низ ислом номидан хатост. Зеро амалҳое чун куштор, таркиш, харобкорӣ, таҷовуз ба номуси занон, асир гирифтан ва монанди ин ба ҳеҷ як суннати дину равияҳои маъмулу амалкунандаи ҷаҳон дуруст намеояд. Хулоса, имрӯз ки аз зуҳури мушкилоти рақами яки ҷаҳон –тероризму эстреризми байналхалқӣ тамоми сайёра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз намудани амнияти миллӣ саъю талош намоем.   Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳад шуд, барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд.

Додарой Самеҳова,

устоди ДОТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>