Наҳзатиён шуморо ғуломӣ зебост

андеша

АНДЕША. Нисбати маводи паҳн намудаи Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки ба ақидаи худаш чанд масъасаро матраҳ намудааст ибрози андеша намоям. Худи Саидюнус кист? Зери пардаҳои хоҷагон нишаста худро бегуноҳу дигаронро гунаҳгор меҳисобад. Оё ягон шахс дар бораи Сайидюнус маълумоте дорад, ки амали некеро нисбати марду анҷом дода бошад ба ҷуз ивғоангезию бадгӯйӣ. Баъди ба хориҷи кишвар рафтану умр ба сар бурданаш танҳо як амал дорад. Ин ҳам бошад ихтилофу кинаву хусуматро дар байни тоҷикон паҳн месозад. Ба хотири манфиати хеш ва хоҷагон аз баҳри ватану миллат балки мазҳабу имонашро мегузарад. Акнун нисбати гуфтаҳои Сайидюнус андешаронӣ кунем. Қайд намудааст, ки Ҳукумати ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эълон намуд ва дар радифи ДОИШ маҳсуб дониста, фаъолонаш ба хориҷ муҳоҷир гашанд.  Бале дуруст қайд кардааст. Лекин гуноҳи кардаи ҲНИ-ро чаро зикр накард. Аз иттилоотҳои ВАО, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ аз оғози фаъолияташ то имрӯз кадом корҳоро анҷом дод. Боиси сар задании ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сабабгори куштори бегуноҳону аҳли зиё, бесаробон мондани занону кӯдакон, фирори мардуми оддӣ ва касоти иқтисод гардид. Дастпарварони ҲНИ бо хоҷагони хориҷии хеш аз маблағҳои муфт истифода намуда амалҳои бисёр нангинеро анҷом доданд. Имрӯз низ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш зери қаноти хоҷагонашон паноҳ гирифта, номи миллату шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст зада истодаанд. Аммо амали онҳо рӯзе поён меёбад дер ё зуд. Дигар масъалае, ки мавриди зикр қарор додааст, оиди иқдомоти фаъоли ХНИ ҳафр мебошад. Мардум шоҳиди он аст, ки Раёсати ҲНИ ягон иқдоме, ки барои манфиати миллату мардум бошад накардааст. Зеро маблағҳои бадаст омадаро аз ҷониби хоҷагон барои айшу ишрати Кабирӣ ва аъзоён дар хориҷа, омода намудани насли нави террорист ва таблиғи мазҳаби шиа равона сохтаанд. Ҳамзамон аз ҳимояти Созмонҳои ҳуқуқи башар ба забон меорад. Иштироки фаъолонаи ТЭТ ҲНИ-ро дар конфронсҳо таъкид месозад. Аммо ҷаҳониён воқиф ҳастанд, ки шумо ҳамагон хоину террорист ҳастед. Инчунин фаъолияти дигар гуруҳу ташкилотҳои террористиро аз қабили Гурӯҳи 24 Анҷумани Озодандешони Тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Ҷунбиши муҳоҷирон гирди забон овардааст. Аммо онҳо ба ҷуз ғайбату буҳтон дигар кореро анҷом намедиҳанд. Ҳол он ки дар саҳифаҳои интернетиашон аёну возеҳ аст.  Ё ин ки оиди таҳдиду таъқиби террористон ҳарф задаст. Ба фикри шумо оғои Сайидюнус мо аъзоёни гуруҳи террористии шуморо сарашонро сила намоем. То ки онҳо бори дигар амалҳои шайтониро идома диҳанд. Лекин ҳар кадоме, ки аз онҳо ба даст афтодаанд ҷазои сангинеро дод, то ба насли нави террористону хоинон намунаи ибрат гардад. Ҳадафи мухолифин танҳо ба даст овардани ҳукумат ва озод намудани зиндониён аст. Аммо шумо хоинон бади Созишномаи истиқрори сулҳ соҳиби мақомҳои баландпоя будед. Лекин чӣ кор кардед. Кабирӣ вакили парлумон ва Ҳоҷи Ҳалин муовини вазири дифо буд. Барои амали намудани нақшаҳои хоҷагон аз мансаб истифода намуда ба чашми мардуму Ҳукумат хок пошидед. На ин кия гон беҳбудие бахшид. Ҳама рӯза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд ба сари мардум бор созанд. Ин аст, ки  роҳбарони ТЭТ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд.  Инчунин онҳо тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи далелҳо ҳарф мезананд. Мехоҳанд, ки нишон диҳанд, наҳзатиён террористу аҳли шиа нестанд. Аммо ҳамагон аз амалҳои шумо террористону шиаҳо огоҳ буда ҳоҷат ба пинҳон кардан нест. Аммо мардуми сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар эҳтиёҷе надорад ва гӯш ҳам намедиҳад. Зеро тинату ботини шумо аз амали инсоният дур аст. Барои пойдории сулҳ намегузорад, ки шумо лаҳзае даст ба ифроту тундгароӣ занед.

Лоиқ Тӯйчиев,

 ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>