Боздид аз қисми ҳарбӣ

ПАНҶАКЕНТ. Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар   кисми низомии  0203-и Кӯшӯнҳои сарҳадии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон  “ Рӯзҳои дарҳои кушод” ташкил карда шуд, ки дар ин чорабини хонандагони синфхои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  шахр иштирок намуданд. Дар чорабини аскарони кисми харбӣ  маҳорати  қадамзанию ҷангии худро намоиш дода афсарони кисми ҳарбӣ ҷавононро бо ҳаёти аскарону афсарон шинос намуданд. Дар идомаи чорабинӣ муовини раис-мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  Тошева П. ва мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилоот Лутфуллоев Б. баромад намуда  ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуданд.  Сипас баъд аз консерти хотирмон ба  сарбозон  лавозимоти варзиши 10-дона тӯби футбол, 6 дона тӯби волейбол ва либосҳои варзишӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>