Аёдати чоргоникҳо

бғ чоргоник

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оилаи Ҳодибоевҳоро, ки соҳиби чоргоник гаштаанд аёдат намуд. Ин волидайни хушбахт сокинони ҷамоати Овчиқалъача буда, то кунун дар оила ду писар ва ду духтарро ба воя расонида, бо таваллуди ин чоргоникҳо шумораи фарзандонашон ба ҳашт нафар расид. Раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Анварзода Амир падару модари хуштолеъро табрик карда, ба кӯдакон умри дароз ва сиҳату саломатӣ орзу намуд. Инчунин ба онҳо сару либос ва дигар лавозимоти кӯдакона тақдим карда шуд.Дар ҳақиқат, таваллуди фарзанд дар оила боиси шодмонии падару модар ва хешу ақрабо аст. Фарзандро гули умеди волидон мегӯянд. Бигзор ин кӯдакон сиҳату саломат бавоя расанду дар оянда номбардори халқу Ватани хеш бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>