Усули муосири тарғибот

20180706_095128

АШТ. Имрӯз тибқи нақша чорабинии шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроиявии ҳизб  мулоқот бо занони маҳаллаи  Маҳмудҷон Воҳидови ҷамоати шаҳраки Шайдон бо усули муосири тарғиботи кӯча ба кӯча ҷараён гирифт. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва инчунин ҷалб намудани занону духтарони хонанишин ба касбомӯзӣ бахшида ба эълон гардидани «Соли-2018,соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои миллӣ» маҳсуб меёбад. Зимни сӯҳбат мудири шуъбаи кор бо занон Ҳоҷиматова Ш.  диққати ҳозиронро ба масъалаҳои мубрами рӯз, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳибу ҳаракатҳо, пешгирии никоҳи хешу таборӣ ва парокандашавии оилаҳои ҷавон, дар ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ ва инчунин аз худ кардани занону духтарон ба омӯхтани ҳунарҳои миллӣ ҷалб намуд. Дар вохӯри занони маҳал низ ба сухан баромада, оиди масъалаҳои дар боло зикр шуда фикру ақидаҳои худро баён намуда хоҳиш намуданд, ки бо оилаҳои навбунёд бештар ингуна сӯҳбатҳо ба роҳ монда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>