Сафи аъзоён меафзояд

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар ҶДММ «Афзали Суғд» дар фазои тантанавӣ ба 10 нафар аъзоёни нав шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд. Муовини озоди КИИ ҲХДТ дар минтақаи Ёва Анвар Шамсиев зимни супоридани шаҳодатномаҳо таъкид намуд, ки бояд ҳар як узви ҳизб дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ фаъолона ширкат варзанд. Инчунин раиси ҶДММ «Афзали Суғд» Абдулатиф Раҳмонов баромад намуда, доир ба ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти соҳаи саноат ва хоҷагии халқи кишвар суханронӣ кард. Дар охир, қайд намуд, ки ҳар як коргар ва аъзои ҳизби ин коргоҳ дар оянда барои боз ҳам гул-гулшукуфии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Бояд гуфт, ки кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ баҳри аз ҳисоби шахсони арзанда, ҷавонони фаъол зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>