Бори каҷ ба манзил намерасад

desktopwallpapers.org.ua_11822

ИЗҲОРОТ. Мо ҷавонони ин замон аз он шукргузорӣ менамоем, ки дар кишвари тинҷу ором, ободу зебо, дар партави сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурраму дилшод умр ба сар мебарем. Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое  низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. ҲНИ ба ин гуна ҳизбҳое ворид мешавад, ки фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ карда  шудааст. Ҳизби мазкур дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш ҷалб намуда, қариб буд мардуми кишварро ба гумроҳӣ бубарад. Аз он шукргузорӣ менамоем, ки орзуи ин гуна ашхосе, ки одам гуфтан онҳоро  забони кас намеравад амалӣ нашуд ва ба ном «ҳомиён», яъне пушту паноҳашон, шахсоне ки ин гуна ноадолатиро ба сари мардум ва кишвари мо овардан мехостанд имрӯзҳо берун аз кишварӣ мо гурехта гаштаанд ва мумкин аст  мисли «сагони дайдуе» ҳаёт ба сар мебаранд. Имрӯзҳо бо шарофати расонаҳои алтернативӣ чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор гардидааст. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Мо бо боварӣ баён менамоем, ки ин гуна ашхосони аҳримансифат дар ягон вақту замон ба ин гуна фикру ақидаи бемантиқи худ, ки онро мили  «ОРЗУ» дар дили нопоки худ парварида истодаанд, мушарраф нахоҳанд гашт. Чуноне, ки гуфтаанд: «Бори каҷ ба манзил намерасад».

Омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Паҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>