Тоҷикистон сарчашамаи оби мусаффо!

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Аз рӯзҳои Наврӯзии соли равон инҷониб дар Тоҷикистони азизи мо  чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо ширкати сарварони давлатҳо, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуда истодааст. Қобили қайд аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ қабул шуда, ҳадафи асосии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ташкили ҳамкории судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада аст.  Дар ин ҷо мехоҳем дар атрофи андешаҳои ҷолиби дар Конференсияи санаи 20.06.2018 ибрознамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намоем. Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳоло дар дунё зиёда аз 800 млн нафар ба оби нӯшокии бехатар ва беш аз 2,5 млрд. нафар ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт-санитария дастрасӣ надошта, ҳар сол то 300.000 кӯдаки то 5-сола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ба ҳалокат мерасанд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт барои аҳолӣ ба мақсад нарасидаем.  Ҳоло ки 2, 5 миллиард одам танқисии об доранд, то соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то 5 миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра, баробар шавад, иброз медоранд коршиносон. Ҳоло аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об талабот ба захираҳои об дар ҷаҳон бо суръати баланд меафзояд. Ин афзоиш боиси шиддат гирифтани муносибатҳо дар байни аҳолии ҷаҳон барои дастрасӣ ба захираҳои об гашта, метавонад омили глобалии тағйироти иқлим гардад.  Бинобар он мо бояд барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ корбарӣ намоем.  Даҳсолаи мазкур барои рафъи мушкилотҳои ба миён омада мавриди хеле хуб барои аҳли ҷаҳон мебошад. Соли равон мо аллакай камчинии обро ҳис карда истодаем. Дар бисёр минтақаҳо боришот хеле кам гашта, ба ҳосилдиҳии зироатҳои ғалладонагӣ таъсири худро расонид. Дар бисёр минтақаҳои куҳӣ алаф кам гардида, барои чорводорон мушкилот ба миён омад. Ҳаҷми оби дарёҳо аз меъёрҳои миёнаи солона паст гашта, дар мавсими обёрӣ дар пойгоҳҳои обкаши мушкилот ба миён омад.  Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки тибқи мушоҳидаҳои олимон ва шахсони солхурда таи 60 соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи 1 дараҷа боло рафта зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки  дар  даҳсолаи охир мо  ҳазорон пиряхи хурду миёнаро талаф додем. Бо мақсади мониторинги ин равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим, имсол мо, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва дар таҳкими иқтидорҳои он ба дастгирии шарикони рушд умед дорем. Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик ин марказ дар раванди банақшагирӣ ва идораи захираҳои об на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар зинаи минтақавӣ низ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Дар кишвари мо таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат ва беҳдошт чун афзалияти дигари муҳим боқӣ мемонад. Мо аллакай ба таҳияи Барномаи нав оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза барои давраи то соли 2030 шурӯъ намудем. Дар охири суханронии хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ин Барнома яке аз ҳадафҳои калидии рушди устувор-дастрасии умуми аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштро фаро мегирад. Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад. Вазифаи мо шаҳрвандон аз он иборат аст, ки обро тоза нигоҳ дорем. Аз он сарфакорона истифода барем. Зеро он мушкилоте, ҷаҳониён доранд, шукри беҳад ки мо тоҷикистониён надорем. Мо дар сарчашмаи обҳои мусаффо ва ширин ҷой гирифтаем. Обҳои мо аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табобатӣ ҳам мебошанд. Бинобар он ин неъмати худододро бояд ба таври ҳамешагӣ қадрдонӣ намуд. Зеро об ҳаёт аст.

                                  М. Шукурзода,

                         раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>