Мо ҷавонон зодаи Истиқлолем

ДЕВАШТИЧ. Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мулоқоти як гуруҳ ҷавонон доир гардид. Дар мулоқот муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода оиди дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ҳарф зад. Ҳамзамон ҷавонон, хонандагон ва ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ташаббусҳои эҷодӣ, рушду нумуи маънавии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, дарёфти хонандагони боистеъдод равона шудааст миннатдориашонро изҳор доштанд. Маълум гардид, ки ҷавонон донишу малакаи аз худ намудаашонро  ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ равона сохта, барои рушду тараққиёти минбаъдаи Ватани хеш содиқона хизмат менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>