Мулоқот бо фаъолони ҳизб

IMG_2028

АШТ. Рузи гузашта дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, собиқадорони ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ноҳия ва раисони корхонаву ташкилотҳои ноҳия вохӯрӣ оид ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Баҳриддин Зиёӣ дар баромади худ зикр дошт, ки барои мубориза бо ин омили номатлуби ҷаҳонӣ бояд бетараф набуд. Барои пешгирии сокинон аз шомил шудан ба ин равияҳо ҳама дастҷамъона талош кунем ва барои суботи кишвар ва минтақа саҳмгузор бошем.     Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни суханронии худ оид ба пешгирӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ҷанги иттилоотӣ иброз дошт, ки терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд. Мақсад аз ташкили чунин як вохӯрӣ ин пешгирии шомилшави ҷавонон ба равияҳои ифротӣ ва баргардонидани сокиноне, ки гайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷ қарор доранд ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ-фаҳмонидадиҳӣ байни шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>